Ба ятимону бепарасторони мамлакат туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд.