Ахбор

Дар шаҳри Душанбе «Дави дилхушӣ»-и Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид

Submitted by admin on Thu, 20/04/2023 - 10:15

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон имрӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» «Дави дилхушӣ»-и Шӯрои олимпии Осиё дар масофаи 3 километр бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мураббиёну варзишгарони муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Submitted by admin on Thu, 20/04/2023 - 10:14

Ҳамватанони азиз!

Имрўз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегўям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.

Мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.

Ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

Дар ИДМ ташкилоти заминавӣ оид ба тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисони рӯзноманигор пайдо мешавад

Submitted by admin on Thu, 20/04/2023 - 10:13

Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокчии Иттиҳод оид ба тайерӣ ва бознигарии кадрҳои журналистӣ хоҳад буд. Чунин қарор дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 14 апрели соли 2023 дар Самарқанд баргузор гардид, қабул карда шуд. Дар ин хусус Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид

Submitted by admin on Wed, 19/04/2023 - 11:24

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ- МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Сайёҳон бештар ба тамошои он мароқ зоҳир менамоянд

Submitted by admin on Tue, 18/04/2023 - 11:31

Ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, ки барои солҳои гуногун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати фарҳанги вилоят ва дигар муассисаву идораҳои дахлдор барномаҳои махсуси корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар хусуси «Омӯзиш, тарғибу ташвиқ, ҳифз ва эҳёи фарҳанги моддию маънавӣ давоми солҳои 2012-2020» таҳия намудаанд.  Дар натиҷа корҳои зиёд дар ин самт анҷом дода шуд. Якчанд ёдгории муҳими таърихӣ таъмиру тармим гардид.

ҲУШДОРИ КОРШИНОС: Паҳн кардани андешаҳои экстремистӣ-террористӣ ҷиноят аст!

Submitted by admin on Mon, 17/04/2023 - 11:27

Таҷриба нишон медиҳад, ки дастовардҳои илму техника боиси пешрафти ҷомеаҳо, боло рафтани сатҳи некуаҳволии одамон ва зисти онҳо гашта, сабаби аз байн бурдани фаҳмишҳои беасос ва асримиёнагии динӣ-ифротӣ мегарданд. Мутаассифона, бо вуҷуди амалӣ гардидани чорабиниҳои васеи фаҳмондадиҳӣ, бардоштҳои ифротӣ дар қиёс бо фаҳмишҳои илмӣ   дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳамоно ҷойгоҳи хос дорад, ки нигаронкунанда мебошад.

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад

Submitted by admin on Mon, 17/04/2023 - 11:25

Аз 4 то 7 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт  Намоишгоҳи байналмилалии универсалии  «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созмондиҳандаи ин намоишгоҳ мебошад, хабар медиҳад.

Таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ, роҳандозӣ ва густариши равобити тиҷоратӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар макони баргузории намоиш ва ҳамоиши соҳибкорон ҳадафи аслии намоишгоҳ  арзёбӣ мегардад.

«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Имрӯз Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Submitted by admin on Sun, 16/04/2023 - 18:48

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард

Submitted by admin on Fri, 14/04/2023 - 09:21

Дар доираи сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.

Ҷаласаи мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти семоҳа дар соли 2023

Submitted by admin on Thu, 13/04/2023 - 08:47

12 апрели соли 2023 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо то охири  сол баргузор гардид. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид кори ҷаласаро оғоз бахшида, рўзномаи онро барои баррасӣ ва қабул пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои ҳайати мушовара ҷонибдорӣ гардид.