ҲУШДОРИ КОРШИНОС: Паҳн кардани андешаҳои экстремистӣ-террористӣ ҷиноят аст!
Таҷриба нишон медиҳад, ки дастовардҳои илму техника боиси пешрафти ҷомеаҳо, боло рафтани сатҳи некуаҳволии одамон ва зисти онҳо гашта, сабаби аз байн бурдани фаҳмишҳои беасос ва асримиёнагии динӣ-ифротӣ мегарданд. Мутаассифона, бо вуҷуди амалӣ гардидани чорабиниҳои васеи фаҳмондадиҳӣ, бардоштҳои ифротӣ дар қиёс бо фаҳмишҳои илмӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳамоно ҷойгоҳи хос дорад, ки нигаронкунанда мебошад.