ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АСОСГУЗОРИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллии мо дар тӯли таърихи кӯтоҳ аз санҷишҳои вазнини сарнавишт сарбаландона гузаштааст
Баъд аз ҳазор соли пош хӯрдани давлати Сомониён, хушбахтона, ворисони оли Сомонро имкон фароҳам омад, то давлати нави худро бунёд намоянд.
Вале давлате, ки баъди садсолаҳои бедавлатию нокомӣ ба мардуми тоҷик ато гардид, дере нагузашта, ба хатари парокандагию нобудӣ дучор омад.
Душманону бадхоҳон тавонистанд, ки мардуми тоҷикро дар муддати кӯтоҳ ба ду ҷабҳа тақсим кунанд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои бақои давлату миллати мо то ҳадде хатарнок буд, ки баъзан ҳатто бародарро бо бародар, падарро бо писар ва модарро бо духтар паси сангарҳои ба ҳам муқобил гузошт.