Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералиро ифтитоҳ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои сохтмони ин бино аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 марти соли 2018 ба ифтихори Иди касбии кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити кории онҳо гузошта шуда буд.