Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - ср, 19/11/2025 - 14:00

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои навбунёд аз се ошёна иборат буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳ ва қабули шаҳрвандон мебошад. Дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба таври фосилавӣ 6 иншооти истеҳсолию хизматрасониро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 19/11/2025 - 12:35

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гимназияи хусусӣ, 4 корхонаи истеҳсолӣ ва гармхона бо ҳавзҳои моҳипарвариро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.

Дар корхонаҳои нав истеҳсоли 5 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла пойафзол, собун, тухму гӯшти паранда, моҳӣ ва сабзавот ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ дар коргоҳу корхонаҳои кӯшодашуда дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 150 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 19/11/2025 - 12:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд.

Иншооти нав аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз ёфта, дар муддати муайян бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои меъмории миллӣ анҷом дода шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои нави Прокуратураи шаҳрро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - ср, 19/11/2025 - 12:20

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои нави Прокуратураи шаҳрро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти навбунёд дар масоҳати умумии 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна ва 14 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, таҳхона, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.