Дар Лондон аз рӯйи нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд
Дар Донишгоҳи SOAS-и шаҳри Лондон аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Британия зери унвони «Рӯдакӣ- падари шеъри форсӣ, дарӣ/тоҷик» барномаи илмӣ- фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он аз рӯйи нимпайкараи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Эмомалӣ ба барнома ҳусни оғоз бахшида, ду профессори донишгоҳи SOAS сухан гуфта, нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ намуданд.