Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол баъд аз иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 ба Ватан баргашт
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки иштироки худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа анҷом дод, ба Ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи мунтахабро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзноманигорон, мухлисону наздикони бозигарон ва ситоди мураббиёни тими миллии мамлакат истиқбол гирифтанд.