Эмомалӣ Раҳмон: «Таъкид месозам, ки ҳар оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад»

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 17:41

Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар оилаи мамлакат даъват намуданд, ки ба муҳлати то ду сол маводи зарурии ғизоӣ захира намояд.

 

Пешвои миллат: «Сада паёмовари Наврӯзи оламафрӯз мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ фаро мерасад»

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 17:34

«Ҷашни Сада паёмовари ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, омодагӣ ба ин ойини бузурги ориёӣ мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ – Наврӯз фаро мерасад», — таъкид гардид дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада.

 

Дар идома Пешвои миллат иброз доштанд, ки дигар рукни муҳимми Сада ишора ба гардиши замонӣ барои оғози корҳои мавсими нави кишоварзӣ, яъне омода намудани олоти меҳнат, техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ва тухмиҳои беҳтарини зироат ба ҳисоб меравад.

 

Сарвари давлат Садаро рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ номиданд

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 13:07

Сада рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ ба ҳисоб рафта, рамзи асосии он гулхани фурӯзони оташ мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада иброз намуданд.

 

Дар идома гуфта шуд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада аз болои оташ паридану нияти саломативу тандурустиву рӯйсурхӣ намудан мебошад, ки то кунун дар байни мардум чун маросими «аловпарак» маъмул аст.

 

Эмомалӣ Раҳмон: «Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст»

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 13:03

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада ёдовар шуданд, ки Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он, рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб менамоянд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд.

 

Сарвари давлат илова намуданд, ки мувофиқи тақвими чиллашуморӣ, аз 22 декабр чиллаи калон шуруъ мешавад ва шаби даромадани чилларо ниёгони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд.