Эмомалӣ Раҳмон: «Имконоти соҳаи кишоварзӣ ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд»
24 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баён доштанд, ки бо вуҷуди он ки соли 2023 соҳаи кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, вале имконоти мавҷуда ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд. Аз ҷумла, соли 2023 истеҳсоли пахта нисбат ба соли 2022 15 фоиз, гандум 8, ангур 39 ва пилла 43 фоиз кам гардида, дурнамои кишти пахта 12 фоиз ва картошка 23 фоиз таъмин нагардидааст.