Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

Опубликовано admin - вс, 21/12/2025 - 15:27

ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаичи мулоқот намуданд

Опубликовано admin - сб, 20/12/2025 - 10:24

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонум Санаэ Такаичи барои пазироии самимӣ ва дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо ҳамкории ду давлатро баррасӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок намуданд

Опубликовано admin - сб, 20/12/2025 - 09:02

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар шаҳри Токио Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон баргузор гардид.

Дар кори форуми тиҷоратӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷопон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣиштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок намуданд

Опубликовано admin - сб, 20/12/2025 - 07:51

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ аз татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, зерсохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, экология, тандурустӣ, маориф ва беҳдошт миннатдории самимӣ изҳор намуданд.