Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Wed, 31/12/2025 - 12:20

ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо ҳамлаи ахири ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қароргоҳи Президенти Федератсияи Русия дар вилояти Новгородро маҳкум карданд. Бахусус таъкид гардид, ки чунин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»

Submitted by admin on Tue, 14/10/2025 - 14:21

14.10.2025, шаҳри Душанбе

Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои расмӣ!

Сармоягузорон ва шарикони гиромӣ!

Дӯстони азиз!

Қабл аз ҳама, ташрифи ҳар яки шуморо ба шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» хайрамақдам мегӯям!

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд

Submitted by admin on Tue, 14/10/2025 - 14:09

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст иштирокдорони форумро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон боздид намуданд

Submitted by admin on Tue, 30/09/2025 - 11:50

ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бинисумчи деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон дидан намуданд.

Майдони умумии хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон 1 гектар буда, дар шафати он 23 гектар замини чунин боғҳои серҳосил мавҷуд аст.

Ҳосили пурбори себҳои “Зарринтоб”, “Ситораи кӯҳсор” ва ноки Нозанин, ки навъҳои асосии меваҳои боғро дар ин минтақа ташкил медиҳанд, заҳмати садоқатмандонаи боғдорон арзёбӣ гардид.