Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 муҳокима гардид.