«ТAJBUILD». Намоишгоҳе, ки 67 ширкати ватаниву хориҷиро дар шаҳри Душанбе ҷамъ овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки 67 ширкати ватаниву хориҷӣ Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти сохтмонии «ТAJBUILD» ифтитоҳ гардид, ки он бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сохтмону саноат ва тарғибу ташвиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Намоиш бо ташаббус ва роҳбарии Ассотсиатсияи ширкати «ТAJBUILD» ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, то 14 октябр идома меёбад.