Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад
Имрӯз, 14 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Барои иштирок дар вохӯрӣ ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Президентони Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон Садир Жапаров, Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамчун меҳмони фахрӣ Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ташриф оварданд.