Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Давҳа ба шаҳри Душанбе баргаштанд

Submitted by admin on Mon, 22/01/2024 - 23:04

22 январ сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Давлати Қатар анҷом ёфт.

 

Нимаи дуюми рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Давҳа ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ҳаштякфинал баромад

Submitted by admin on Mon, 22/01/2024 - 23:03

Имрӯз, 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа тими миллии Лубнонро мағлуб намуд, ба марҳилаи ҳаштякфинал баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.

 

Ҳамин тавр аз гурӯҳи «А» мунтахаби Қатар аз ҷойи якум ва мунтахаби Тоҷикистон аз ҷойи дуюм ба марҳилаи ҳаштякфинал роҳ ёфтанд.

 

Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони Қатар 8 бахши ояндадорро муаррифӣ намуданд

Submitted by admin on Mon, 22/01/2024 - 17:42

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз дар шаҳри Давҳа, дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд, ки дар кори он Президенти мамлакат бахшҳо ва соҳаҳои ояндадори Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Хотирнишон месозем, ки дар мулоқот ҳамчунин Вазири савдо ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ иштирок намуданд.

 

ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт наздик ба 8000 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд

Submitted by admin on Mon, 22/01/2024 - 17:41

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт дар маҳаллаи «Лучоб» наздик ба 8000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

 

Маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, ҳадафи он саҳм гузоштан дар корҳои сабзу хуррамгардонии пойтахт ва ҳифзи муҳити зист мебошад.