Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун иштирок менамоянд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун, ки дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо ҳам рақобат мекунанд, иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.