Президенти Тоҷикистон: «Камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки тамоми имкониятро самаранок истифода намоем»
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки истифодаи самараноки тамоми имконияту воситаҳоро таъмин намоем. Яъне, имсол бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо гузаронидани кишти такрории пайваста ва гирифтани 3-4 ҳосил бояд таъмин шавад. Чунин изҳор доштанд 24 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024.