Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе «Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ»-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 03/12/2025 - 10:20

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - ср, 03/12/2025 - 09:28

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфтанд

Опубликовано admin - вт, 02/12/2025 - 10:22

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар арсаи дипломатияи парлумонӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои фарогир бо Туркия дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - пн, 01/12/2025 - 17:02

ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка муҳтарам Анура Кумара Диссанаяке барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари боришоту обхезиҳои шадид дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи гарони мо гардид.