Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд

Опубликовано admin - пт, 04/09/2026 - 20:24

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони онҳо хушбахтӣ ва сулҳу оромӣ орзу намуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар

Опубликовано admin - пт, 04/09/2026 - 18:47

04.09.2026, шаҳри Бохтар

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам намояндагони мардуми шарафманди

вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар!

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор доранд ва ба тантанаҳои ин рӯзи мубораки таърихӣ бо дастовардҳои арзанда омодагӣ мегиранд.

Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд

Опубликовано admin - пт, 04/09/2026 - 11:38

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин”-ро дар шаҳри Бохтар пас аз навсозӣ ва рақамикунонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 04/09/2026 - 11:27

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми заҳматқарин ва бонангу номуси вилояти Хатлон ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ — 35-умин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.