Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - вт, 07/07/2026 - 07:50

ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштичро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои беморхона дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардида, туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  ба сокинони ноҳияи Деваштич арзёбӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд

Опубликовано admin - пт, 03/07/2026 - 17:06

ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд.

Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 03/07/2026 - 13:12

ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Эрон дар робита ба шаҳодати собиқ Раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ изҳори таслият карданд.

Зимни суҳбат аз раванди рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд

Опубликовано admin - пт, 03/07/2026 - 12:59

ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ба шаҳри Теҳрон ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд.