Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Опубликовано admin - пн, 05/10/2026 - 21:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  5 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён баргузор гардид.

Муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо табрикоту таманиёти нек Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона шодбош гуфтанд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд

Опубликовано admin - пн, 05/10/2026 - 21:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб

Опубликовано admin - пн, 05/10/2026 - 18:43

 5.10.2026, шаҳри Кӯлоб

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо дар шаҳри бостонии Кӯлоб – сарзамини ҷавонмардиву ҷасорат, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ тантанаҳои ниҳоии ҷашни бузурги давлатдории навини тоҷикон – 35-солагии истиқлоли давлатиро баргузор мекунем.

Ба ин муносибат хурду бузурги мардуми ватандӯсти шаҳри Кӯлобро самимона табрик мегӯям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - пт, 25/09/2026 - 14:30

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

Хабари фоҷиабори ҳалокати хизматчиёни низомии Қазоқистон ҳангоми машқҳои низомӣ дар баҳри Каспий боиси андӯҳи гарони мо гардид.