Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрону шаҳрвандон бунёд гардидааст.