Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд

Опубликовано admin - ср, 16/09/2026 - 14:59

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Корея, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ин кишварҳо иштирок доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд

Опубликовано admin - ср, 16/09/2026 - 11:22

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар нишаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Корея ва сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея

Опубликовано admin - ср, 16/09/2026 - 09:50

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сеул аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аз қабили:

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии миёниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад;

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд

Опубликовано admin - ср, 16/09/2026 - 08:32

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея бо Сарвазири ин кишвар хонум Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор доштанд, ки мо рушду густариши робитаҳо бо Ҷумҳурии Кореяро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ медонем.