Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - чт, 20/08/2026 - 09:15

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд.

Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти андоз инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - чт, 20/08/2026 - 09:11

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср – неругоҳи Роғун, ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳри Роғун Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси шаҳри Роғун ва фаъолон бо эҳтирому самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.

Таҳти раёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Опубликовано admin - ср, 19/08/2026 - 11:50

ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шуро ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Опубликовано admin - сб, 15/08/2026 - 10:31

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайданварзода Раҳмоналӣ Сайданвар ва Иброҳимзода Муҳаббат Мирзовалӣ муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд.