Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - вт, 11/08/2026 - 11:45

ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исломиддин Абдуқодирзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 11/08/2026 - 10:22

ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 август пас аз ифтитоҳи Гулгашти Дуои модар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нав дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ бунёд гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - вт, 11/08/2026 - 09:28

ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини маҳалла табдил ёфтааст.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расид

Опубликовано admin - сб, 01/08/2026 - 18:30

ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз 30 июл то 1 августи соли 2026 идома дошт, ба анҷом расид.

Дар ҷараёни сафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, инчунин дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба Формула-1 дар рӯи об (F1H2O), ки дар кӯли Иссиқкӯл баргузор гардид, иштирок намуданд.