Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони онҳо хушбахтӣ ва сулҳу оромӣ орзу намуданд.