Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат

Опубликовано admin - ср, 14/10/2026 - 13:04

14.10.2026, шаҳри Душанбе

Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо дар фаъолияти созандаатон барору комёбӣ ва ба хотири ободии Ватани азизамон ташаббусҳои нав орзу менамоям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 13/10/2026 - 12:30

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба  ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Бо ифтитоҳи фосилавии бинои нави муассисаи таълимии рақами 58 бо 20 омӯзгор дар деҳаи Ҷавонони деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав барои 720 хонанда дар ду баст заминаи таълимӣ муҳайё гардид.

Муассиса аз 12 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он тамоми лавозимоти хониш фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд

Опубликовано admin - вт, 13/10/2026 - 12:02

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд.

Боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав оғоз гардид.

Дар маркази нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Кохи наҷотро ифтитоҳ намуда, аз осорхонаи он боздид намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд

Опубликовано admin - пт, 09/10/2026 - 17:59

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии 9 октябр пас аз бозгашт аз Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи терминали нави байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд.