Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 22/09/2026 - 11:25

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.

Дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Насли истиқлол корхонаи парандапарварӣ ва коргоҳи забҳу коркарди гӯшти паранда ба фаъолият оғоз намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - вт, 22/09/2026 - 11:12

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони хусусии Хуршеди Истиқлолро ба истифода доданд.

Муассисаи нави томактабӣ дар масоҳати 1300 метри мураббаъ бунёд гардида, барои 600 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - вт, 22/09/2026 - 10:15

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ба ифтихори ҷашни муқаддас – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 22/09/2026 - 09:37

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷандро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.