Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - пн, 21/09/2026 - 10:12

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт тариқи фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Куруш–Бекободро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ бунёд гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 МВт ба истифода доданд

Опубликовано admin - пн, 21/09/2026 - 09:32

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вс, 20/09/2026 - 11:24

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вс, 20/09/2026 - 10:35

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо-Инвест ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.