Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ба истифода доданд.
Нахуст дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оҳаки Истиқлол бо иқтидори истеҳсолии 200 тонна дар як шабонарӯз расман оғоз бахшиданд.