Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд

Опубликовано admin - пт, 09/10/2026 - 17:47

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар минтақаи Авазаи Туркманистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, аз ҳузури Президенти кишвари дӯсту бародар дар нишасти мазкур ҳамчун меҳмони фахрӣ истиқбол намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд

Опубликовано admin - пт, 09/10/2026 - 13:34

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо дар оғози сухан ба ҷониби Туркманистон барои сатҳи баланди ташкили ин нишаст ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, дӯстони туркманро бо анҷоми бомуваффақияти раёсат дар ИДМ табрик гуфтанд ва ба  талошҳои онҳо дар ин мақом баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд

Опубликовано admin - чт, 08/10/2026 - 22:49

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сайёҳии миллии Авазаи Туркманистон якҷо бо дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳо боздид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд

Опубликовано admin - чт, 08/10/2026 - 16:14

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат, Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистон барои даъват ва истиқболи гарм, арзи сипос намуда, рушди устувори муносибатҳои байни ду кишварро, ки ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро фаро мегиранд, таъкид доштанд.