Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - чт, 04/12/2025 - 15:00
Russian
123

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари
байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин намудани Ҷобир М.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Ҷобир Манучеҳр ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин карда шавад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 декабри соли 2025
№1098

Теги