Ахбор

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон

Опубликовано admin - вт, 21/07/2026 - 10:47

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл баррасии масоили ҳамкорӣ дар суҳбати хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт.

Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди пазироӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон доштанд, ки “натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманди дуҷонибаи мо такони тоза хоҳанд бахшид”.

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ

Опубликовано admin - вт, 21/07/2026 - 09:07

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии шаҳри Уланбатори Муғулистон, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Cарони давлатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ухнаагийн Хурэлсух ниҳоли дӯстӣ шинониданд

Опубликовано admin - пн, 20/07/2026 - 17:46

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл дар шаҳри Улан-Батор дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар як мавзеи зебо ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ниҳоли дӯстӣ шинониданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд

Опубликовано admin - пн, 20/07/2026 - 15:13

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд.

Майдони пазироии фурудгоҳи байналмилалӣ бо Парчамҳои давлатии Тоҷикистону Муғулистон идона оро ёфта буд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Улан-Батор меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батсэтсэг Батмунхийн ва дигар намояндагони воломақом ва расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон

Опубликовано admin - пн, 20/07/2026 - 09:22

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди давлатӣ ба Муғулистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идора таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Опубликовано admin - пт, 17/07/2026 - 14:30

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои номбурда доир ба рақамикунонии истеҳсолот ва технологияи муосири рақамӣ таъин гардиданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия

Опубликовано admin - вт, 14/07/2026 - 10:10

14.07.2026, шаҳри Душанбе

Муҳтарам кормандони мақомоти адлия!

Дар арафаи ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидани бинои нави Вазорати адлияро, ки натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди низоми ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ мебошад, ба ҳамаи шумо табрик мегӯям.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаккули давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳадафи асосии ҷомеаи мо эълон гардида, заминаҳои устувори рушди низоми ҳуқуқӣ ва волоияти қонун гузошта шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 14/07/2026 - 10:07

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори барҳавои иншооти нав бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони мулоқотро ба муносибати ифтитоҳ гардидани бинои нави Вазорати адлия табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 14/07/2026 - 09:10

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ду қисм иборат буда, дар бинои 1-ум ҳуҷраҳои кории роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ, маркази қабули шаҳрвандон, толорҳои маҷлисӣ, машваратӣ, китобхона, ҳуҷраҳои хизматӣ, компютерӣ, видеоконференсия ва мисли инҳо ҷойгир карда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд

Опубликовано admin - чт, 09/07/2026 - 12:25

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушди саноати металлургияи сиёҳ, истеҳсоли семент, оҳак, шиша ва татбиқи технологияҳои муосир баррасӣ шуд.