Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд

Опубликовано admin - чт, 09/07/2026 - 12:25

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушди саноати металлургияи сиёҳ, истеҳсоли семент, оҳак, шиша ва татбиқи технологияҳои муосир баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд

Опубликовано admin - чт, 09/07/2026 - 12:20

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Опубликовано admin - чт, 09/07/2026 - 12:00

09.07.2026, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз мо бори дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омадаем, то бо ҷараёни корҳои сохтмони яке аз муҳимтарин иншооти саноатии мамлакат – корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» аз наздик шинос шавем.

Моҳи апрели соли гузашта мо ба сохтмони ин корхонаи азим оғоз бахшида будем.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд

Опубликовано admin - чт, 09/07/2026 - 11:00

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба бунёди корхонаи истеҳсоли семент ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи оҳак ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶСП Комбинати металлургии Тоҷик тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сементро то соли 2029 сохта ва ба истифода диҳад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд

Опубликовано admin - чт, 09/07/2026 - 10:30

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП Комбинати металлургии тоҷик дидан намуданд.

Тибқи нақшаи сохтмонӣ корҳои сохтмонии корхонаи мазкур дар ду марҳила ҷараён мегирад:

Марҳилаи аввал 1 апрели соли 2025 оғоз гардида буд. Дар ин марҳила истеҳсоли консентрати оҳан ва окатиш ба роҳ монда мешавад ва он моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом хоҳад расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - ср, 08/07/2026 - 11:50

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайри Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Самти фаъолияти ҷамъият асосан ба истеҳсоли мошинҳои хурди барқии боркашонӣ, дучарха ва истеҳсоли 18 намуд бозичаи кӯдакона  равона гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - ср, 08/07/2026 - 10:47

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои маъмурии Суди вилояти Суғд ба таври фосилавӣ фаъолияти чор иншооти муҳими истеҳсоливу хизматрасониро оғоз бахшиданд.

Сипас, сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лидер» бо иқтидори нигоҳдории се ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шуд. Иншоот барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фаслҳои сол пешбинӣ шуда, дар он 25 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 08/07/2026 - 10:40

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд.

Иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои мақомоти судӣ ва ба талаботи муосири соҳа ҷавобгӯ сохта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд

Опубликовано admin - ср, 08/07/2026 - 10:30

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Дар ин намоиш маҳсули дастранҷи деҳқонону заминдорони ноҳия, аз ҷумла ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ, меваҳои тару тоза, маҳсулоти боғдорӣ ва дигар навъҳои маҳсулот ба маъраз гузошта шуда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷиро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - ср, 08/07/2026 - 10:00

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуллоев бунёд гардида, барои қабули беморон бо 50 ҳуҷра, 100 ҷойи хоб ва 30 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.