Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 08/07/2026 - 09:40

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл зимни  сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ «Ирода Инвест», иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва саноатиро ба таври  фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҶДММ Суғдроҳсоз дар деҳоти Ғозиён оғоз бахшиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ «Ирода инвест» оғоз бахшиданд

Опубликовано admin - ср, 08/07/2026 - 09:15

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.

Дар ин ҷо нахуст Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли орд барои макарон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» расман оғоз бахшиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - вт, 07/07/2026 - 12:10

ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич дар деҳаи Далёни Боло хатти нави оби полезиро, ки дарозии он 12 километрро ташкил медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 07/07/2026 - 11:55

ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру  ноҳияҳои вилояти Суғд  дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро, ки дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтаанд, ифтитоҳ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд

Опубликовано admin - вт, 07/07/2026 - 11:45

ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчунин бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд.

Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд мегардад.

Масоҳати умумии ин комплекси сайёҳӣ 15 гектарро ташкил дода, дар он ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - вт, 07/07/2026 - 11:32

ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикани Оби Баҳор воқеъ дар мавзеи Хуррамдара расман оғоз бахшиданд. Тибқи иттилои масуълин дар иншооти мазкур 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд

Опубликовано admin - вт, 07/07/2026 - 11:30

ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - вт, 07/07/2026 - 09:16

ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нав марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд сохта шудаанд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои муассисаи таълимиро дар деҳаи Фатмеви деҳоти Рарз мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 07/07/2026 - 09:08

ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқоту суҳбат бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Нахуст Корхонаи металлургии сурма дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» мавриди истифода қарор дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - вт, 07/07/2026 - 07:50

ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштичро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои беморхона дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардида, туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  ба сокинони ноҳияи Деваштич арзёбӣ гардид.