Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд

Опубликовано admin - пт, 04/09/2026 - 11:38

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин”-ро дар шаҳри Бохтар пас аз навсозӣ ва рақамикунонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 04/09/2026 - 11:27

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми заҳматқарин ва бонангу номуси вилояти Хатлон ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ — 35-умин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд

Опубликовано admin - чт, 03/09/2026 - 19:21

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди Маҷмааи меъмории бисёрсамтаи хизматрасонӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд

Опубликовано admin - чт, 03/09/2026 - 10:47

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - ср, 02/09/2026 - 11:46

ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази хизматрасонии Аҳмадҷонро мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 02/09/2026 - 09:59

ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имконро барои 800 хонанда дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нав бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 01/09/2026 - 18:36

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 01/09/2026 - 16:24

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд

Опубликовано admin - вт, 01/09/2026 - 15:30

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи «СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд

Опубликовано admin - вт, 01/09/2026 - 11:43

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак” иштирок ва суханронӣ намуданд.