Ахбор

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - пн, 15/06/2026 - 15:01

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саидзода Зебонисо Саидбек аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хоҳиши худаш, Саъдуллозода Сайдо Талбак бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 июни соли 2026
№1185

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Опубликовано admin - пн, 15/06/2026 - 15:00

ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳо дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд

Опубликовано admin - пн, 15/06/2026 - 11:48

ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва гурӯҳи ширкатҳои Файсал Холдинг баррасӣ шуданд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - пн, 15/06/2026 - 08:30

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам:

1. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд

Опубликовано admin - пт, 12/06/2026 - 12:09

ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масоили ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд

Опубликовано admin - пт, 05/06/2026 - 18:10

ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кипр ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

“Мо ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он манфиатдорем” — иброз доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - пт, 05/06/2026 - 17:14

ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Садир Нургожоевич,

Шумо ва мардуми дӯсти Қирғизистонро ба муносибати рӯйдоди муҳим – интихоб шудани Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун узви ғайридоимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2027–2028 самимона табрик мегӯям.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Опубликовано admin - чт, 28/05/2026 - 13:18

ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он, нахуст, дар бораи лоиҳаи Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва  лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Опубликовано admin - вт, 26/05/2026 - 19:30

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикот анҷом доданд.

Пешвои миллат ба муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳо хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуданд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Опубликовано admin - вт, 26/05/2026 - 12:50

26.05.2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати иди Қурбон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо саломативу хушҳолӣ ва дар хонадонатон осоишу оромӣ орзу менамоям.

Иди Қурбон яке аз муҳимтарин ойинҳои дини мубини ислом мебошад ва фазилатҳои зиёде дорад.

Тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару модарон ва калонсолон, дастгирии камбизоатҳову ниёзмандон ва сарфаю сариштакорӣ аз зумраи фазилатҳои ин ид мебошанд.