Ахбор

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - вт, 10/03/2026 - 11:35

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба имзо расиданд.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - вт, 10/03/2026 - 11:33

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 марти соли 2026 №119
ш. Душанбе

Дар бораи Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и
Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ
ва соҳибкории Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаҳои 52, 53 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - пн, 09/03/2026 - 18:53

ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Валоҳазрат,

Ба муносибати интихоби шоистаи Шумо ба мақоми Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳнияти самимии хешро арз менамоям.

Бовар дорам, ки таҳти раҳбарии Ҷаноби Олӣ мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама мушкилоте, ки имрӯз кишвари ба мо дӯсту бародар мувоҷеҳ шудааст, пирӯз хоҳад шуд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Опубликовано admin - сб, 07/03/2026 - 14:30

07.03.2026, шаҳри Душанбе

Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар остонаи Наврӯзи фархундапай таҷлил мегардад, самимона табрику шодбош мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва иқболи неку хонаи обод орзу менамоям.

Ба оғози фасли баҳор, яъне эҳёи табиат баробар омадани ҷашни модарону бонувон нишонаи покиву зебоӣ ва офарандагии мавҷуди муқаддаси модар мебошад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - пт, 06/03/2026 - 12:00

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод ва таъин намудани судя

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
6 марти соли 2026
№1144

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Опубликовано admin - пт, 06/03/2026 - 11:44

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо фармонҳои Президент ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Тоҷиддин аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод гардида, ба вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд

Опубликовано admin - ср, 04/03/2026 - 11:24

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон муҳтарам Тангригули Атахаллиевро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд

Опубликовано admin - ср, 04/03/2026 - 10:17

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат Масато Кандаро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Бонк табрик гуфта, ташрифи нахустини мавсуфро ба Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи махсуси ин ниҳоди молиявӣ ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - пн, 02/03/2026 - 11:40

ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар» /. 2 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли таассуф ва андӯҳи амиқ хабари шаҳодати Роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз масъулини давлатӣ ва фармондеҳонро дарёфт кардем.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - сб, 28/02/2026 - 14:20

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни
ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: