Ғолибони ҷоизаҳо дар соҳаи кор бо ҷавонон маълум шуданд

Submitted by admin on Tue, 07/02/2023 - 15:16
Tajikistan
123

Шоми дирӯз дар меҳмонхонаи «Hayate Ragency»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонони муваффақати соҳаҳои гунонгун кишвар, баргузор гардид.

Дар оғози маросими ҷоизасупорӣ Матлубахон Сатториён, муовини сарвазири мамлакат суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар мебошанд ва пайваста зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади истиқбол аз ташаббусҳои ҷавонпарваронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба идомаи муваффақонаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳамасола ба беҳтарин ҷавонон дар соҳаи адабиёту санъат, ҳунару меъморӣ, илму фарҳанг ва дигар риштаҳо ҷоизаҳои хосса тақдим менамояд. Дар идомаи маросим Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда гуфт, ки соли 2022 бо дарназардошти зиёд будани ҷоизаҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш тасмим гирифта шуд, ки имрӯз маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавононро доир намуда, ва рӯзи дигар маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар алоҳидагӣ баргузор намоем.

Суман Қосимзода шоираи ҷавон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, дар маросими ҷоизасупории имрӯза барандаи мукофоти беҳтарин ҷавон дар соҳаи адабиёт гардид. Суман зимни суҳбат бо мо гуфт, ки фазои ободу озоди Ватани азизамон ба эҷоди шеърҳои навам илҳоми тоза мебахшад ва ифтихор аз он дорам, ки дар чунин як кишвари биҳиштосо зиндагӣ мекунам.

Ғолиби дигар, дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022, аз риштаи рӯзноманигорӣ, Валиҷон Шарифзода, муҳаррири барномаҳои иттилоотии МД «ТВ Душанбе» мебошад. Валиҷон дар суҳбат ба мо изҳор намуд, ки аз қадр шудани заҳматҳоям дар ин соҳа хушҳол гардидам ва дар оянда талош менамоям, ки боз ҳам ба муваффақиятҳои бештар ноил гардам.

Ёдовар мешавем, маросими ҷоизасупорию соҳаи кор бо ҷавонон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баргузор гардида, ҷовонони беҳтарин ва муваффақи соҳаҳои гуногуни кишварро дастгирӣ менамояд. Имсол ба радиои «Тоҷикистон», АМИТ «Ховар» ва Муассисаҳои давлатии «ТВ Тоҷикистон», «ТВ Сафина», «ТВ Ҷаҳоннамо», «ТВ Душанбе» ҳамчун беҳтарин иттилоърасон ва тарғибгар, ҷоизаҳо тақдим карда шуд.


Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»

Теги