Дар назар аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар наҷотдиҳандаро барои расонидани кумак ба мардуми зарардидаи Ҷумҳурии Туркия фиристонад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Ин дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки мақомоти дахлдори мамлакат баҳри бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовару маргбор дар Ҷумҳурии Туркия кумак расонанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои хабаргузории «Trend» бо истинод ба «Анадолу» теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи харобиовар дар ҷануби Туркия ба 2921 нафар расид.
Ба гуфтаи роҳбари Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) Юнус Сезар, бар асари заминларза 15 ҳазору 834 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Қаблан ноиби президенти Туркия Фуат Октой гуфта буд, ки дар маҷмӯъ 7840 нафар аз зери харобаҳо зинда наҷот дода шуданд.
Ӯ афзуд, ки 338 000 нафар дар хобгоҳҳо, донишгоҳҳо ва паноҳгоҳҳо ҷойгир карда шудаанд.
Хотиррасон мешавем, ки субҳи 6 феврал дар ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 дараҷа ба вуқуъ пайваст.
Манбаи заминларза бо маркази он дар минтақаи Пазарҷики вилояти Қаҳрамонмараш дар умқи 7 километр ҷойгир будааст. Дар вилоятҳои Ҳатай, Газиантеп, Килис, Османия, Малатия, Адияман, Шанлиурфа, Диёрбекир, Одона ва Қаҳрамонмараш харобиҳои ҷиддӣ ба амал омадаанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»