ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИНСОНИЯТ. Андешаҳои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар ин хусус

Submitted by admin on Mon, 06/02/2023 - 11:33
Tajikistan
123

Тоҷикистон давоми беш аз 31 соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар байни давлатҳои мутараққии олам мақоми шоиста касб намуд ва феълан ҳамчун мамлакати дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чандсолаҳо муқаддам набзи ҷаҳони муосирро дарк карда, ба ташаббусҳои ҷиддӣ иқдом намуданд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти пешомада бетараф набошад. Чунин баён доштааст муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расид.

Дар идома муаллиф чунин менигорад:

— Шурӯъ аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии  Созмони Милали Муттаҳид  7 қатънома вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки ин иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фарҳам овард.

Аз ҷумла, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза»,  солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», “Соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»,  солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ниҳоят, 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани санаи 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз ҳамин хотир ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳамаи ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.

Дар ҳазорҳо рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон ситоиш карда, хулоса намудаанд, ки ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, назари навро дар самти истифодаи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон талқин менамояд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи пойдор мегузорад. Шарҳу тавзеҳ ва иқтибоси андешаҳои баёнгардида вобаста ба ин масъала дар як мақола аз имкон берун буда, пажӯҳиш ва таҳқиқи мукаммалро тақозо менамояд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Ин аст, ки имрӯз баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон шаҳри Душанбе маркази  ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба об эътироф гардидааст.

Дар натиҷаи чорабиниҳои баргузоргардида роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба захираҳои об муайян гардида, муколамаҳо миёни тасмимгирандагон ва истифодабарандагони об дар ҳама сатҳҳо мустаҳкам шуданд. Баргузор шудани чандин нишаст, конференсияҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳои бо қарорҳои Маҷмаи Умумии СММ тасдиқшуда на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон, захираҳои бойи табиии он, мардуми куҳанбунёд ва фарҳанги мамлакат мусоидат намуд, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми меҳнатдӯсту созанда, ки дар шароити амну субот зиндагӣ доранд, ба оламиён муаррифӣ кард.

Масъалаи бо об таъмин намудани аҳолӣ дар саросари дунё ба мушкилоти хеле ҳам ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Аксари кишварҳои дунё сол аз сол ба зарурати қабули қарорҳо ва тасмимҳои ҷиддӣ дар масъалаи тақсими об бо назардошти манфиатҳои ҳамаи истифодабарандагон ва бахшҳои иқтисодиёти барои об рақобаткунанда рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда бо далел ва рақамҳое, ки СММ интишор намудааст, наметавонанд моро бетараф гузоранд. Зеро ҳар рӯз ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаагӣ доранд, мефавтанд. Миллионҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад.

Маҳз бо ҳамин мақсад ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳадафи ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст.

Идоракунии оқилонаи захираҳои об ба таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо ва мардумони он дар асоси принсипҳои адолат ва баробарӣ мусоидат мекунад. Тоҷикистон дар ин бахш худ давлати намуна мебошад, ки манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои поёнобро ҳамеша ба инобат гирифтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» зимни суханронӣ таъкид намуда буданд, ки «тамоюли афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯӣ мегузорад. Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани муносибатҳо байни соҳаҳои иқтисод мегардад. Шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди об метавонад ҳатто дар дохили як кишвар пайомадҳои манфӣ ба бор орад. Маҳз ҳамин ду омил – тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ – чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард».

Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ намуда, ҳанӯз 21 декабри соли 2016  солҳои 2018 — 2028 – ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» қабул намуд, имрӯз дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва татбиқи иқдомҳои судманд заминаи мусоиде фароҳам овардааст. Ҳадафи асосии эълон намудани Даҳсола- ин мусоидат ба талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои нави байналмилалии марбут ба об буд.

Натиҷаҳо ва дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» дар миқёси ҷаҳон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мусбат ва назаррас баҳогузорӣ шудаанд. Аз ҷумла, маҳз ба шарофати ин даҳсола дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аҳолии ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасинадошта тақрибан то 700 миллион нафар коҳиш дода шуд. Вобаста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таъкид намуд, ки дар доираи даҳсолаи мазкур 1,648 миллиард доллари ШМА сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаи обу энергетика  ҷалб карда шуд, ки дар натиҷа тақрибан 1,5 миллион аҳолии мамлакат ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ  пайдо намуд.

Ҳарчанд дар чорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале дар миқёси ҷаҳон ҳанӯз тақрибан  аз 750 миллион то 1 миллиард нафар аҳолӣ аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашад.

Вобаста ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид шудани санаи 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии сайёра таҳаввулоти мусбат ва натиҷаҳои умедбахшро ба миён хоҳад овард. Ба ибораи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад».

Пешбинӣ шудааст, ки дар асоси ин тадбири бузурги сатҳи ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардад.

Бояд таъкид намуд, ки маҳз  дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромадааст. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд.

Дар баробари ин дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати  мо ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва поягузори иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шуд ва боиси болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст.

Имрӯз ҳама гуна чораҷӯӣ ва ҷустуҷӯи ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба об, ҳалли мушкилоти таъмини ҳамагон бо оби тоза ва ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои об бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Тоҷикистон, ки дар миқёси байналмилалӣ ташаббускори фаъол ва пешбари ҳалли масъалаҳои марбут ба об мебошад, минбаъд низ ҷонибдори истифодаи самараноки захираҳои об хоҳад буд.

Тоҷикистон давлати захираҳои бузурги обӣ ва “энергияи сабз” мебошад. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ мешавад, ки се маротиба бештар аз истеъмоли феълии неруи барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Бо истифода аз ин неруи бузурги гидроэнергетикӣ дар шароити муосир тақрибан 17-18 миллиард кВТ/соат неруи барқ тавлид карда мешавад, ки  тақрибан 3 дарсади иқтидори мавҷударо ташкил медиҳад. Ноил гардидан ба истиқлоли пурраи энергетикии мамлакат тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва мусоидат ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи “энергияи сабз” аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии мо барои оянда аст.

Истифода аз ин имконияти бузурги обӣ моро ба ҳадафи чоруми стратегии давлат, яъне саноатикунонии босуръати иқтисодиёт шарафёб хоҳад кард.

Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани рифоҳи мардум пайваста саъю талош меварзад.

Об ва манбаъҳои он, аз ҷумла пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ мебошанд, чун мояи асосии мавҷудияти инсон ҳамеша ва дар ҳама маврид бояд сарфакорона истифода бурда шаванд.

Ҳамаи он чорабиниҳои глобалие, ки дар сар то сари ҷаҳон дар асри нав барои ҳалли мушкилоти вобаста ба об ҷараён доранд, дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва таъмини сулҳу субот саҳми муносиб гузошта истодааст. Ин ҳама таваҷҷуҳ ба об моро водор месозад, ки баҳри сарфаю истифодаи оқилонаи обу  энергия, мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва ҳифзи муҳити зист, мониторинги обшавии пиряхҳо, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, беҳдошти вазъи экологӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки дар барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дарҷ ёфтаанд, ҳамеша масъулият эҳсос намуда, дар иҷрои ин ташаббусҳо ҳамеша пешсаф бошем.

Абдуҷаббор АЗИЗӢ,
муовини якуми Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон

Теги