6 феврал дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар шаҳри Женева бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия мубоҳисаи «Об, иқтисод ва тиҷорат: таҳқиқи уҳдадориҳо барои Конфронси оби СММ-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиш барои муҳокимаи ҷанбаҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии об, инчунин муаррифии натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи ҷаҳонӣ оид ба иқтисодиёти об замина фароҳам овард.
Ҷониби Тоҷикистон аҳаммияти масъалаи обро дар соҳаи амнияту иқтисодиёт таъкид карда, намояндагони кишварҳои аъзоро ба густариши талошҳо дар ҳалли мушкилоти об даъват намуд.
Ҳамзамон муҳим будани Даҳсолаи амал ва суръат бахшидан ба амалиёти ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иброз гардид.
АМИТ «Ховар»