«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе фестивал баргузор мегардад

Submitted by admin on Thu, 16/03/2023 - 12:01
Tajikistan
321123

21 март, соати 15:00 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бо мақсади муаррифии имконоти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон Фестивали «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хабар доданд.

Дар доираи фестивал баргузории намоиши имконияти сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва рақсу суруд дар назар аст.

13 март зимни баргузории ҷаласаи корӣ роҳбарияти Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани фестивали мазкур ба масъулин супоришҳои мушахас дод.

Ҳамчунин масъалаи дар сатҳи баланд  баргузор намудани ҳамоишҳои идона бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва таъмини иштироки фаъолонаи ҳайати  Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT»  дар Федератсияи Русия, ки аз 16 то 18 март доир мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Теги