Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар Конгресси CAFA дар Душанбе иброз намуданд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ барои мизбонии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 дархости муштарак хоҳанд дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
«Минтақаи Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки ин вақт фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва боварӣ дорам, ки ҳамроҳ бо давлатҳои бародар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард. Мо тасмим гирифтем, ки барои мизбонии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 дар Осиёи Марказӣ дархости муштарак пешниҳод кунем», – гуфтанд президенти CAFA Рустами Эмомалӣ.
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар суханронии худ дар Конгресси CAFA аз ташаббуси президенти CAFA Рустами Эмомалӣ оид ба ирсоли аризаи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин минтақа сазовори баргузории чемпионати Осиё байни дастаҳои миллӣ аст.