Имрӯз, 25 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории ин чорабинӣ.
Дар ҷашнгоҳ намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ташкил гардид, ки дар он даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза ба намоиш ва фурўш гузошта шуданд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намуданд. Дар ин ҷо дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ҷашни Тиргон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насридинзода ва дигар намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар маросими мазкур гуфта шуд, ки эҳёи ҷашни Тиргон, ки ба об, ҳамчунин ба омодагӣ деҳқонон ба дарави ҳосили гандум иртибот дорад, ниҳоят муҳим буда, баҳри равнақ ёфтани соҳа мусоидат менамояд. Дар баробари гиромидошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон эҳёи ҷашни Тиргон низ ба манфиати миллат мебошад. Тавре Пешвои миллат дар ин маврид таъкид намуданд: «Маросиму суннатҳои ин ҷашнҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо, ниёишу ривоятҳо ва мусиқиву сурудҳое эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд».
Ҳамчунин иброз гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони мамлакатро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани зардолузор ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Ҳамин аст, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату тамъи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу баҳои баланд додаанд.
Таъкид карда шуд, ки ҷашнҳои мазкур бо мақсади инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат роҳандозӣ гардидаанд.
Дар охир барои иштироки фаъолона бо Дипломи дараҷаи 1, 2 ва 3 вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
София ШОИК,
Тоҳирҷон САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»