Дар муассисаи таълимии №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва ҳавасмандгардонии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ғолиб баромаданд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо ситинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Дар озмуни мазкур дар маҷмуъ 279 нафар довталабон иштирок доштанд, ки дар натиҷа тибқи талаботи Низомнома 24 нафар ғолиб баромада, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.
Аз ҷумла, 6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11), 6 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), 6 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, 6 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.