Корвони иттилоотии рӯзноманигорон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» ва дастовардҳои шаҳри Роғуну ноҳияи Нуробод шинос гардид

Submitted by admin on Tue, 22/08/2023 - 17:50
Tajikistan
123

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ гурӯҳи рӯзноманигорони мамлакат  бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод сафар намуданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД  хабар медиҳад.

Ҳайати рӯзноманигорон  бо  вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳри  Роғун шинос гардида,  нахуст ба Осорхонаи шаҳри Роғун ташриф оварданд. Дар осорхонаи мазкур зиёда аз 1200 нигораи таърихӣ маҳфуз мебошанд, ки ҳамагӣ дар натиҷаи бозёфти бостоншиносон аз гӯшаҳои гуногуни шаҳри Роғун ҷамъоварӣ гардидаанд. Осорхонаи шаҳри Роғун чун муассисаҳои маърифативу фарҳангӣ дар ҳифзу нигаҳдошт, бозшиносиву муаррифии мероси  гаронбаҳои  таърихию фарҳангии  халқ саҳми босазо мегузорад.

Дар доираи ин сафар рӯзноманигорон, ки аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҷамъ омадаанд, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО-и  «Роғун» низ  шинос шуданд. Меҳмононро муовини директори истеҳсолии ҶСК НБО-и  «Роғун» Қурбонназар Давронов роҳнамоӣ намуда, толори агрегатҳои неругоҳ ва корҳои васлу насби онҳо,  сарбанд ва  ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои  НБО-и  «Роғун»-ро муаррифӣ намуд.

Мавсуф изҳор дошт, ки ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро менамоянд.

Дар ҷараёни ин сафар меҳмонон бо рафти корҳои  сохтмонӣ дар  НБО-и  «Роғун» шинос шуда,  ба саволҳои худ аз мутахассисони варзидаи ин неругоҳ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Онҳо ҳамчунин  ба кормандону сохтмончиёни ин корхонаи аср барои хизматҳои софдилонаю шоёнашон миннатдорӣ изҳор намуданд.

Рӯзноманигорон баъдан ба  ноҳияи Нуробод сафар намуда,  бо ҷараёни корҳои сохтмонии боғи фарҳангии ноҳия шинос шуданд. Ин боғи фарҳангӣ бо маблағгузории Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО –и «Роғун»» сохта мешавад. Дар марҳилаи аввал муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ, Парчами миллӣ ва фаввораҳо сохта шудаанд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишӣ, ошхонаи миллӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон ва насби таҷҳизоти бозии наврасону кӯдакон идома доранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

Теги