«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ 30 сентябр ба анҷом мерасад

Submitted by admin on Thu, 28/09/2023 - 11:21
Tajikistan
123

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Довталабон аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ баромад менамоянд.

Даври ниҳоии озмун аз 25 то 30 сентябр идома ёфта,  маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи консертӣ бо иштироки ғолибони озмун 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мегардад.

Теги