28 декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки ҷараёни он ба таври мустақим тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ инъикос шуд.
Дар баробари дигар вазорату идораҳо дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тамошои дастҷамъонаи пахши мустақими Паёми Пешвои миллат ташкил карда шуд. Зеро ҳар як корманди Кумита ба хубӣ дарк менамояд, ки Паём дар фаъолияти рӯзмарраи онҳо ба сифати як раҳнамо ва барномаи хидматӣ истифода хоҳад шуд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Дар баробари ин Паём муждаҳои неке дошт, ки боиси ифтихору руҳбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мегардад. Аз ҷумла, пайғоми соли 2025 ба истифода додани агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз 1 январи соли 2024 40 фоиз зиёд гардидани музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот, аз 1 июли соли 2024 зиёд шудани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз ва ба андозаи 40 фоиз афзоиш ёфтани маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат эълон гардид, ки барои амалӣ намудани ин иқдом тайи 2 соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. «Бо вуҷуди ин дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашваии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шаванд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Тадбирҳои саривақтии ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми мамлакат тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 паст гардид, яъне дар давоми 20 соли охир сатҳи камбизоатӣ ба андозаи 62 фоиз коҳиш дода шуд.
Зимни ироаи Паём Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардад.
Ҳамзамон дар Паёми зуд ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад.
Тазаккур дода шуд, ки давоми солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ёдовар шуданд, ки соли 2023 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Ҳамчунин бо мақсади такмилу бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳии мамлакат, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ҳар як маҳал ташкили растаҳои ҳунармандӣ супориш доданд, ки гурӯҳи кории доимамалкунанда дар сатҳи баланд таъсис дода шавад.
Бояд гуфт,ки ҷараёни ироаи Паёми Президенти мамлакат дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пурра инъикос гардида, иқтибосҳо аз нуктаҳои муҳимми он дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ васеъ паҳн карда шуданд.
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи сохторҳои Кумита ташкил карда шуд.